Arzon march 2024
ЧӢ ТАВР ДУХТАРИ МУЛЛО КЕЛИНИ ЛӮЛИҲО ШУД? (ҚИСМИ 3)
4894

ИДОМААШ...

Чашмам ба чашми модарам бархӯрд. Ӯ маънидорона сар меҷунбонда оҳ мекашид...

    Ба хонаамон хостгорон омаданд. Модару зани амаки Саноқул. Янгаҳоям мақсади ду ҷӯгизанро фаҳмида, хандаашонро пинҳон карда наметавонистанд. Модарам бе ягон дудилагӣ норозӣ буданашро ба онҳо баён карду хотирашонро ҷамъ кард.
 -Дугонаҷон, дил-дили зайнаб-мегӯянд. Духтару бача якдигара маҳқул кардагӣ,-модарамро розӣ кунонданӣ  мешуд модари Саноқул, аммо модарам гапи онҳоро гӯш ҳам накарда, аз хонаамон пешашон кард.
 Янгаҳоям аз дарди дилам бехабар шӯхӣ мекарданд, ки ҷӯгиписар аз ҳуш рафтани Санавбарро дар пешаш дида, гумон кардааст, ки ҳусну ҷамоли вай беҳушаш кардаасту рафта хостгор фиристодааст”. Ба суханони онҳо лабханд мезадаму “Оре, ишқи вай маро бехуд кардааст”-мегуфтам дар дил.
   Саноқул дигар наомад. Олам пеши чашмонам  ба тамом зулмотро мемонд.      Умеди дидорбиниямро бо вай тамоман аз даст додам. Ва андӯҳи ин фикр ба асабам беасар намонду беморам сохт. Ман дигар ақлбохтаро мемондам. Бехабар аз худ-худ  ба худ ҳарф мезадаму номи Саноқулро гирифта, зор-зор гиря мекардам. Аз хонаамон баромада рафтани мешудам. Ҳатто боре даст ба худкӯшӣ заданӣ шудам. Хайрият, ки бародарам маро ресмон дар даст тарафи оғил рафтанамро дида, зуд аз пасам рафта, саддӣ роҳам гашт.

     Ҳамагон андеша доштанд, ки ба ман ҷин ё парӣ ёр шудасту  Саноқул номи ҳамон ҷин ё парист. Падарам пайваста дуохониям мекарду ба дуохонии худ қаноат накарда аз дигар ҷойҳо муллоҳои номиро гирифта ба хонаамон меовард, то ба дардам даво ёбанд.Дасту поямро барои аз хона баромада нарафтанам бо маслиҳати яке аз ин муллоҳо баста буданд. Модарам аз тарси бадномии ман дар мавриди дил бохтанам ба ҷӯгиписар ба касе даҳон намекушоду соатҳо пешам нишаста, насиҳатхониям мекард. Аммо,  маро он замон гӯши шуниде ба  насиҳат набуд...
   Апаам ба аёдатам омада, тани лоғар, рангу рӯи заъфарон ва дасту пои бастаамро дида, фиғон кашид. Ӯ маро ба сина пахш мекарду –хоҳаракам, барои тану ҷони сиҳати ту ҳамаи кори аз дастам меомадаро мекунам”-гӯён сару рӯямро бӯсаборон мекард. Яқин тақсири бемории маро аз худ медонист, ки аҳволамро дида, ҷигараш ба сӯзиш омада буд...

  -Оча, Санавбарро аз даст медиҳем, бояд ба дадам ҳақиқатро гӯем,-ба гӯшам омад овози апаам, ки паст паст сухан мекард.
  -Чӣ хел мегӯем? Фаҳмад, ки ин беақл аз ишқи як ҷӯгӣ ба ин ҳол афтодааст, девона мешавад...
  -Дадам одами боақл, мефаҳмад. Шумо чӣ, мурдани духтаратона мехоҳед?
  -Астағфуриллоҳ, ин гапа нагӯ,-кадом модар мурдани фарзандро мехоҳад? Аз рӯзе, ки ин духтар ба ин ҳол афтодааст, мурдаи берун аз гӯрам,-гуфт модараму ҳақ-ҳиқ ба гиря даромад...
  -Санавбарҷон, адреси ҳамон Саноқулро медонӣ?-рӯзе бо эҳтиёт пурсид модарам. 
    Ман нишонии Саноқулро, ки худаш ҳангоми дар хонаи апаам буданам гуфта буд, ба модарам гуфтам...

    Хабари ба хонаи Саноқул-ино рафтани падару бародарамро ба ман апаам расонд. Моҳе пас тӯйи хоксоронае карда, ману Саноқулро ҳамхона гардонданд.Аз он рӯз 25- сол сипарӣ гашт. Ҳарчанд  интихоби ман ба пайвандон писанд набуд, аммо барои онҳо саломатии ман  аз ҳама авлотар буд, ки ноилоҷ барои издивоҷи мо розигӣ доданд.
  Ману Саноқулам соҳиби чор фарзандему ба наздикӣ соҳиби набераи дуюм гаштем. На ман на шавҳару кӯдаконам ба талбандагӣ машғул намешавем. Саноқулам бо хоҳиши ман дӯкони заргарӣ кушоду аз кори авлодияш –гадоӣ батамом даст кашид. Ӯ сохтани ороишотро ба ману фарзандон низ омӯзонд, ки зиндагиамон аз ҳамин ҳисоб сару бар мешавад.

   Ростӣ ба аёдати хешу табор кам дар кам мераваму онҳо низ ба хонаи ман кам меоянд. Аммо муҳим ин нест. Муҳим он аст, ки ман бо шавҳару фарзандон хушбахтаму аз шаҳди муҳаббат комам ширин аст.
                      
АНҶОМ!           
Таснифи Наргиси Муродалӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД