arzon replenishment
ЧӢ ТАВР ДУХТАРИ МУЛЛО КЕЛИНИ ЛӮЛИҲО ШУД? (ҚИСМИ 2)
5372

(ИДОМААШ)

Фаҳмидам, ки Саноқулро дӯст доштани ман ба апаам нафоридааст. Пушаймон шудам, ки сустиродагӣ карда сирамро бой додам, зеро боварӣ доштам, ки апаам дигар Саноқулро аз дари хонааш даромадан намемонад...

Лайлию Маҷнуни сонӣ

Дар лаби оби ҷӯйбори канораи роҳ табақу коса мешустам.
-Салом,-Овози шиносеро шунида як қад паридам. Чашмонам ба чашмони кабудфомаш бархӯрда барқ заданд. Мувозинатамро гум карда, қариб ба ҷӯй афтида будам. Саноқул борхалта дар сари китф ин дафъа тани танҳо омада буд.
-С-с-салом,-тӯтала шуда ҷавоб додам ба ӯ ва осемасар тарафи ҳавлӣ нигаристам. Метарсидам, ки апаам баромада маро бо вай мебинаду ҷӯгибачаро пеш мекунад. Хушбахтона дар рӯйи ҳавлӣ касе наменамуд.
-Барои чӣ ин қадар дер-дер меоӣ?-Пурсидам аз Саноқул.
-Корам бисёр, вале агар ту хоҳӣ, ҳар ҳафта меоям,-ҷавобам дод табассумкунон.
-Мехоҳам, фақат...
-Чӣ фақат?
-Вақти нисфирӯзӣ биё, дар ин вақт апаам бо кӯдаконаш хоб аст,-Инро гуфта табақу косаамро гирифта ба ҳавлӣ даромадам. Аз ҳаяҷон, шарм ва хурсандӣ дилам дар қафаси сина ончунон сахт-сахт метапид, ки гумон мекардам овози тук-тукашро тамоми олам мешунавад. Ҳамон лаҳзаҳо дар тамоми олам агар ду хушбахт бошад, якеаш ман ва агар якто бошад, ман будам...

Мулоқотҳои пинҳонӣ

Саноқул ба ваъдааш вафо карда ҳар ҳафта ба деҳа, аниқтараш ба дидорбинии ман меомад. Ману ӯ ҳамагӣ чанд дақиқа рӯ ба рӯ истода суҳбат мекардем, вале ҳамин чанд дақиқа барои ман ба қиммати тилло баробар буд ва хушбахти оламам мегардонд. Беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки “Офтобро ба домон пӯшида намешавад”, рӯзе дар берун бо Саноқул суҳбат доштам, ки язнаам бо мошини сабукраве омада монд...

  -Вақти нисфирӯзӣ биё, дар ин вақт апаам бо кӯдаконаш даруни хона аст,-гуфтамашу табақу косаамро гирифта, зуд ба ҳавлӣ даромадам. Аз ҳаяҷон, шарм ва хурсандӣ дилам дар қафаси сина сахт-сахт мезаду гумон мекардам, ки овози  тук-тукашро тамоми олам шунида истодааст. Он лаҳза дар тамоми олам агар ду хушбахт бошад, якеаш ман ва агар як то бошад, ман будам.
 Ишқро “меҳмони нохондаи дил”- мегӯянд, ки рост будааст.Ишқи Саноқули ҷӯгӣ ҳам ба хонаи дили ман бедаъват меҳмон шуда буд. Ва дили ман бо ин меҳмони нохонда унс гирифта,дигар  бадар рафтанашро ба ҳеҷ ваҷд намехост.
   Саноқул ба ваъдааш вафо карда ҳар ҳафта ба деҳа, аниқтараш ба дидорбинии ман меомад. Ману ӯ фурсати ниҳоят кам дар ихтиёр доштем, ҳамагӣ барои чанд дақиқа ба худ иҷозат медодем, ки рӯ ба рӯ истода ҳарф занем. Аммо ҳамин чанд дақиқаи барои ман ба қиммати тилло баробар ҳам бароям кофӣ буданд, ки аз шаҳди хушбахтии ишқу умед баҳравар шавам.         Ману Саноқул дигар дар мавриди ҳам ҳама чизро медонистем. Ба ҳам аҳди  муҳаббат бастем ва қавл додем, ки дар ҳар сурат ба висоли ҳам хоҳем расид.
 “Офтобро ба домон пӯшида намешавад”-мегӯянд дар урфият, ки рост будааст. Рӯзе Саноқул омада буду бо вай чун ҳарвақта берун аз ҳавлӣ сӯҳбат мекардем. Ҳамин вақт язнаам бо мошини сабукраве омада монд. Ӯ ману Саноқулро дида, ягон сухан ҳам накард. Маълум;” гул барин қайсингулаш бо ин ҷӯгиписар чӣ алоқае дошта метавонад?”
 -Рав аз ин ҷо, аз дасти инҳо дар ягон ҷо рӯз нест,-гуфт язна ба Саноқулу халтаи озӯқавориро ба дастам дод. Бо ишораи чашм ба Саноқул хайрухуш карда, ба ҳавлӣ даромадам. Язнаам борҳои барои рӯзгор овардаашро аз мошин фароварда, ронандаро рухсат намуду аз паси ман ба ҳавлӣ даромад. Апаамро аз хоб бедор кардам. Ӯ бо шавҳараш вохӯрӣ карда, барои ҷо ба ҷокунии борҳои овардаи вай ба кӯмаккунӣ даромад.
    -Корат рӯзи дароз хоб. Ягон дӯзд хонаро дӯздида барад ҳам, хабар намешавӣ. Хайрият, ки Санавбар ҳасту ягон дӯзду ҷӯгиро аз ҳавлӣ даромадан намемонад,-норозигӣ кард язнаам аз занаш.
 Апаам зуд чизеро дарк кард, ки:
    -Кадом дӯзду ҷӯгӣ?-гуфта пурсиду кунҷковона ба ман синча карда нигоҳ кард.
 Ман сарамро поён афкандам.Нағз фаҳмидам, ки ба даст афтодаму апаам ҳама чизро пай бурд.
    -Кадом дӯзду ҷӯгӣ...Ҳозир омадам, Санавбар як ҷӯгиписарро  ба ҳавлӣ даромадан намемонд,-ҷавоб дод язнааму тарафи ҳоҷатхона рафт.
   -Ҳмм. Маълум. Вақт ёфта бо ҷӯгӣ, кӣ буд-Саноқулат хилват кардӣ-ҳа?-оҳиста , вале бо зарда гуфт апааму ба “ҳа”-ю “не”-и ман нигоҳ накарда, ба ошхона даромад.
   Дар вохӯрии навбатиам бо Саноқул апаам нохост аз хона баромаду ӯро дашномкунон пеш кард. Маълум, ки апаам маро таҳти назорати пинҳонӣ гирифта, ҳар як қадамамро поида менишастааст.
  -Чизу чораатро ҷамъ куну таёр шав, худи ҳозир туро ба хонаамон бурда мемонам,-амр дод ба ман.
    Ман ҳам итоаткорона ба хона даромадаму барои ба хонаамон рафтан  тайёр шудам. Нишонии хонаи худамонро ҳам  ба Саноқул дода будам.  Дилам пур буд, ки ӯ маро ҳатман ба он ҷо рафта меёбад. Вале дилпуриам бармаҳал будааст...
     Баробари ба хонаамон расидан апаам ба ҳамагон эълон дошт, ки шавҳараш ба рухсатӣ баромадаасту барои ҳамин то аз нав ба кор баромадани вай ,маро ба хонаамон овардааст, лекин фурсати қуллай  ёфта, модарамро ба кунҷи хилвате бура, аз “кору бори”-ман ӯро воқиф кард. Модарам  номаълумакак теғ кашида ба ман нигаристу чизе нагуфт. Аммо хуб медонистам, ки ӯ фақат барои сиррамро дар пеши аҳли хонавода, махсусан янгаҳоям фош накардан хомӯш асту маро дар танҳоӣ хуб “гӯштоб”-мекунад.Ва ҳамин хел ҳам шуд...
    Аз хонаи апаам омаданамро ду моҳ мешуду аз Саноқул дараке набуд. Дилам аз фироқаш ба дард омада, сарам вазнину чашмонам пурашк буданд.         Дамдӯзду хаёлӣ гашта, рӯз ба рӯз лоғар мешудам.Ин ҳол аз чашми аҳли оилаамон пинҳон намонд. Онҳо  пурсонам мешуданд, ки чӣ дарде дорам. Аммо модарам, ки аз савдои дилам бохабар буд, худро бепарво нишон дода,-дар хонаи апааш одат карда буду ин ҷо зиқ мешавад,-мегуфт ба онҳо.
  -Шарофат, берун баро, чизҳои фурӯшӣ оварданд,-рӯзе шунидам овози янгаи калонамро, ки янгаи дуюмамро садо медод.
   Ман, ки даруни хона рӯ ба девор дароз кашида будам,ҳис кардам, ки Саноқул омадааст,  давида ба берун баромадам.
 Чеҳраи ошноро дидаму дасту пойҳоям суст шуданд. Дигар чизеро дар хотир надорам. Чашм кушода худро болоӣ сурфаи рӯй ҳавлӣ дидам. Падарам дуохониям мекарду модарам даст ба пешониям гузошта  ашк мерехт. Сару рӯй ва либоси танам дар об тар буданд.
 -Хайрияте, чашмашро кушод,-шунидам овози янгаамро.
 -Духтарам ба ту чӣ шуд, ҳамаро талхакаф кардӣ?-пурсид падарам, дуохонияшро тамом карда.
   Ҷавобе надодам. Ман бо нигоҳ Саноқулро меҷустам. Вале ӯ набуд. Чашмам ба чашми модарам бархӯрд. Ӯ маънидорона сар меҷунбонда оҳ мекашид...
    Ба хонаамон хостгорон омаданд.Модару зани амаки Саноқул. Янгаҳоям мақсади ду ҷӯгизанро фаҳмида, хандаашонро пинҳон карда наметавонистанд. Модарам бе ягон дудилагӣ норозӣ буданашро ба онҳо баён карду хотирашонро ҷамъ кард.
 -Дугонаҷон, дил-дили зайнаб-мегӯянд. Духтару бача якдигара маҳқул кардагӣ,-модарамро розӣ кунонданӣ  мешуд модари Саноқул, аммо модарам гапи онҳоро гӯш ҳам накарда, аз хонаамон пешашон кард.

ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР ШАВЕД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД