arzon replenishment
Чӣ ҳол дорӣ Бадахшон
3485

Имрӯз сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода эълон намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бемории COVID-19 расман ба қайд гирифта шуд.

Ба хотири муайян сохтани вазъи саломатии сокинони ВМКБ хабарнигори сомонаи Oila.tj бо яке аз духтурони беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ дар тамос шуд. Мавсуф вазъро чунин шарҳ дод: "Касоне, ки бо табъи баланд қаблан дар беморхона бистарӣ шуда буданд, вазъашон хуб шудааст. Дар мо то ҳол нишонаи COVID-19 дида намешавад. Ҳамаи чораҳои зарурии пешгирикунанда дар беморхонаҳо роҳандозӣ шудааст".

Бояд зикр намуд, ки 2-3 рӯзи охир шумораи зиёди сокинони ВМКБ, бахусус донишҷӯён ба хонаҳояшон баргаштанд. Дар нуқтаҳои назоратӣ табъи мусофирону ронандаҳо санҷида шуд.
Барои эҳтиёт аз ҳар яки мусофирон даъват ба амал оварда шудааст, ки то муддати муайян дар хонаҳояшон худро карантин кунанд ва аз рафту омад бо мардум худдорӣ намоянд.



Бояд гуфт, ки чун анъана дар ноҳияҳою деҳаҳо агар касе аз роҳи дур омад, ба хотири озурда нашудани хотири хешу табор ва ҳамсоя, ҳатман ҳама ба дидорбинӣ мераванд. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки то якчанд вақи ин одатро мавқуф гузоред! Ба хотири ҳифзи саломатии худ ва наздиконатон қоидаҳои беҳдошт ва пешгирӣ аз корнавирусро риоя намоед! Агар хоҳем ин беморӣ ҳарчӣ зудтар рафъ шавад, пас биёед дастҷамъона барои амалӣ шудани орзуямон саҳмгузор бошем!
Ҳаёти худ ва наздиконатонро дар хатар нагузоред!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД