Дар шаҳри Душанбе панҷумин чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона ба анҷом расид.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар мусобиқа мунтахабҳои се кишвар - Тоҷикистон, Эрон ва Қирғизистон иштирок намуданд. Рақобатҳо аз рӯйи низоми даврӣ баргузор шуда, ҳар як даста бо рақибони худ як бозӣ анҷом дод.
Ғолиби чемпионати CAFA-2026 мунтахаби занонаи Эрон гардид. Ин даста бар муқобили Қирғизистон бо ҳисоби 5:0 ва бар Тоҷикистон бо ҳисоби 8:1 пирӯзӣ ба даст овард. Мунтахабҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳар кадом якимтиёзӣ соҳиб шуданд. Аммо бинобар беҳтар будани таносуби тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон медалҳои нуқраро моли хеш кард. Дастаи занонаи Тоҷикистон бошад, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардид.
Дар ҷамъбаст ба мунтахаби Тоҷикистон ҷоизаи махсус тақдим карда шуд. Мунтахаби Эрон бо ҷоизаи Fair Play қадрдонӣ гардид. Унвони боарзиштарин бозигари мусобиқа насиби Марал Торкамон аз ҳайати мунтахаби Эрон шуда, Фаришта Каримӣ аз тими миллии Эрон нишонзани беҳтарини чемпионат гардид.