Formula novemver 2024
БӮЙИ ПАДАР (ҚИСМИ 3)
28.10.2020
ОИЛА
3367

ИДОМААШ.....

Сайёра аз хона баромад. Ба духтараш гуфт:

-Фирӯза, ту девона шудаӣ? Чӣ ин қадар «ата»- гуфта худатро девона мекунӣ. Гуфтам ку, падарат ҳозир меояд, ту як дам тоқат кун, ҷонамро ба танг овардӣ аз атагӯира.

Фирӯза аз модараш ранҷид. Ин гапҳои модар ба вай маъқул нашуданд. Ӯ ин хел дағалиро намеписандид. Боз аз дил гузаронд, ки падараш ояд, ин дағалии модарашро ба падараш нақл мекунад, то падараш ба модараш ҷазо диҳад. Назанад ҳам, ягон гапи вазнин ба вай гӯяд, то ки модар дигар бо ӯ ин хел муносибат накунад.

Фирӯза ба ҳуҷра баргашт. Ба рӯйи модараш нигоҳ намекард. Ба қавле бо модар қаҳрӣ кард.

Қувваи барқ ҳам қатъ гардид. Сайёра, аз рӯйи одат, дар чунин шабҳои боронӣ ва шамол гӯгирд ва чароғро ҳамеша рӯйи даст, дар ҷойи муайян мегузошт. Ӯ чароғро фурӯзон карду ба равоқе, ки махсус барои чароғ сохта шуда буд, гузошт. Фирӯза аз назди тиреза китоби «Алифбо»-ро гирифта, ба чароғ наздиктар нишаст. Китобро аз як сар варақгардон намуд. Сипас, боз ба аввали китоб баргашт. Ҷойҳои падараш ба ӯ омӯзондаро ёфта, такроран мехонд.   Вазифаи охирини падараш ба ӯ додаро ҳам ёфт. Ин мавзӯи ҳарфи «П» буд. Падараш дишаб ҳамин ҳарфро ба вай ёд дода буд. Ин аз ёди Фирӯза нарафтааст. Шаби гузашта баробари падараш ин ҳарфро такрор мекард. Аз мавзӯъҳои гузашта бошад, падараш ба Фирӯза баҳои панҷ эълон карда буд.

Чанд дақиқаи дигар ҳам паси сар шуд. Ногаҳ тап-тапи пой дар долон садо дод. Фирӯза сар боло накард. Ба қирраи чашм ба модар нигоҳи кӯтоҳе карда, гӯё диққаташ ба китоби дар дастбудааш банд бошад, хапу хомӯш менишаст, вале дар асл, монанди он ки бори вазнине аз сари китфаш ба замин афтода бошад, худро хеле сабук ҳис намуд. Ӯ аниқ фаҳмид, ки одами дар берунбуда падараш ҳаст, зеро чунин одатро танҳо ӯ дошт. Вай ҳар рӯз ҳангоми аз кор баргаштан пойафзолҳояшро дар таги долон тап-тап мекӯфт. Фирӯза дар таги дилаш бағоят хурсанду мамнун гашт, вале шодияшро ба модар нишон додан намехост. Ӯ китобро аз сари нав дигарбора варақгардон намуд.

Ба пешвози падараш набаромадани Фирӯза модарашро ҳайрон накард. Чунки модараш аниқ медонист, ки Фирӯза ранҷидааст. То агар падараш ба наздаш наояд, ба қавле яхи вай об намешавад, аз ҷояш намеҷунбад.

Сайёра ба пешвози Диловар баромад ва бо мақсади он ки чароғи хона каме бошад ҳам, берунро равшанӣ диҳад, дари хонаро кушода монд. Вайро бо ханда пешвоз гирифт. Диловар табассумкунон дарҳол аз ҳолу аҳволи ҳамсару духтараш пурсид...

Сайёра ба вай нигоҳ карду дастонашро пеши бар гирифта гуфт:

-Чаро ин қадар дер аз кор баргаштӣ ва ё ягон ҷойи дигар рафта будӣ?- ба шавҳараш наздик шуд Сайёра.

Диловар даст бар китфи Сайёра бурда, хам шуда пойафзолҳояшро аз пой кашиду ҷавоб дод:

-Сайёраҷон, имрӯз корамон аз ҳад зиёд буд, аз минтақа намоянда доштем. Барои ҳамин дер кардам,- Диловар рост шуда, ба чеҳраи кушодаи ҳамсараш нигоҳ карду суханашро идома дод:- Фирӯза чӣ аҳвол дорад, ӯ хоб аст?

-Не, ҳамин духтар шуморо нодида мехобад? Ҳеҷ гоҳ!

-Хайр, набошад ӯ дар куҷост? Чаро ин дафъа ба назди ман наомад?

Сайёра табассуми ширине карду лабашро таги дандон намуд ва даст бар пеши даҳон бурда бо овози пасттар гуфт:

-Э напурс, ҳамаро девона кард. Бегоҳӣ ба як аҳволи бад ӯро аз назди дарвоза овардам. «То атаҷонам наояд, ба хона намедароям!»- мегуфт. Ду маротиба шамол садои дарвозаро бароварда буд, ки ӯ давида ба таги долон баромад. «Ата!» гуфта дод мезад. Ба як аҳволи бад ӯро боз ба хона даровардам. Лекин аз вақте ки ба сӯйи ӯ дод задам, ӯ ба рӯям нигоҳ намекунад. Қаҳр кардааст.   Мисли арӯсҳои таги чодар ноз карда, китоби «Алифбо»-ро гирифта варақгардон карда истодааст.

Модар суханашро ба итмом расонда буд, ки Диловар худашро дошта натавониста бо овози баланд ханда кард. Ӯ, одатан, аз шунидани ин гуна суханҳо дар бораи рафтори духтараш завқ мебурд.

Сайёраву Диловар ба ҳуҷраи дигар даромаданд. Аниқтараш дар ин ҳуҷра Диловар либосҳояшро иваз мекард. Албатта, Сайёра барои кӯмак вайро дар ин ҳуҷра ҳамроҳӣ менамуд, хоса дар ин шаби торику пурдаҳшат барои равшан кардани хона…

Сайёраву Диловар хеле ҷуфти муносиб буданд. Онҳо ҳеҷ гоҳ бо ҳамдигар ҷангу ҷанҷол намекарданд. Ҳатто дар ин қадар сари соли зиндагиашон касе овози баланди онҳоро нашунида буд. Аксар вақт бо якдигар бо меҳру муҳаббати самимӣ сухан мегуфтанд. Якдигарро дӯст медоштанд. Онҳо якдигарро на дар давоми зиндагии якҷоя, балки аз даврони мактабхонӣ дӯст медоштанд…

Диловар либосҳояшро иваз карда ба ҳуҷрае, ки Фирӯза дар он буд, даромад. Сайёра ҳам паҳлуи вай буд. Аммо Сайёра худашро дошта натавониста механдид. Ҳар ду аз дар даромада рост меистоданд. Дигар ба пеш ҳаракат накарда, ба Фирӯза менигаристанд. Фирӯза бошад, ба онҳо нигоҳи кӯтоҳ карду боз бо ғазаб китобашро варақ зад.

Диловар қомати баландашро каме хам карда, абрувони паҳни сиёҳашро ба боло бардошт. Дастони ғафси сермӯяшро паси пушт монд. Ба рафтори духтараш каме ханда кард. Илова бар ин ӯ чашмони зери мижаҳои сиёҳи дарозашро аз Фирӯза намеканд. Чӣ тавр ба қаҳр омадани духтарашро гӯё тамошо карда ҳаловат мебурд.

-Оҳо, ин духтараки ман чаро аз ман рӯй гардонда бошад-а? Барои чӣ назди ман намехезад, мисли дирӯза маро ба оғӯш намегирад,-бо меҳрубонӣ гуфт Диловар.

Сайёра паҳлуи вай мисли пештара механдид. Фирӯза бошад, сарашро баланд намегирфт ва даст аз варақгардонӣ намеканд.

-Хез-ку, муаллимачаи ман! Назди ман биё-ку! Туро кӣ ранҷонд –а? Ҳамин модарат? Ҷазояшро медиҳем, духтарам. -Биё!- гуфта дастонашро ба ду тараф кушода, боз камтари дигар қомати худро хам кард Диловар.

Фирӯза китобро як тараф гузошт ва чолокона давида ба оғӯши падар даромад. Дастонашро ҳарвақта барин давр то даври гардани падар ҳалқа кард. Ба сару рӯйи падар бӯса зад. Вақте ки падар ӯро сари даст бардошта қоматашро рост кард, Фирӯза ба мӯйи сари ба қафо гардондаи падар даст бурд. Панҷаҳояшро паҳн карда, бо ангуштонаш мӯйи сиёҳи падарро тилту парешон менамуд ва боз ба таври худ ба тартиб медаровард.

-Атаҷон,-бо лаҳни ширини кӯдакона гуфт Фирӯза.

-Ҷони ата,-ҷавоб дод падар.

-Ту чаро имрӯз дер омадӣ?

-Корам бисёр буд, духтарам.

-Атаҷон!

-Ҷони ата!

-Ман аз дер омадани шумо ғамгин шудам. Шуморо бисёр ёд кардам

-Раҳмат, духтарҷон, раҳмат! Лекин ту ғамгин нашав. Ман ҳар куҷое бошам, илоҷ карда ба назди шумо меоям. Ҳеҷ гоҳ аз шумо дур намешавам.

-Атаҷон!

-Ҷони ата!

-Ту дар ин шаби торики борониву шамол чӣ хел омадӣ? Тар нашудӣ? Натарсидӣ?

-Не, духтарам, то пушти дарвоза ба мошин омадам. Ҳамкоронам маро оварданд.

-Атаҷон!

-Ҷони ата!

Ман ҳарфи «П»-ро ёд гирифтам. Ҳозир дар пеши шумо мехонам. Боз ҳарфи дигарро ҳам ба ман ёд диҳед, ки ман ҳангоми ба мактаб рафтан аз ҳамсинфонам пешсаф бошам; дарсҳои мегузаштаи муаллимро донам ва баъд муаллим маро сардори синф монад.

-Майлаш духтарам, майлаш.

Фирӯза гардани падарро сар намедод. Каме хомӯш монд. Рӯяшро ба рӯйи падар часпонда чашмонашро пӯшид. Боз чашмонашро кушода ба модараш нигоҳ кард ва ба падараш гуфт:

-Атаҷон!

-Ҷони ата.

-Модарам маро ҷанҷол кард. Ӯ маро хафа кард. Шумо ӯро ягон чӣ гӯед, ҷазо диҳед!

-Барои чӣ модарат туро ҷанҷол мекардааст?

-Барои он ки ман ба долон баромада, «ата» гуфта, шуморо фарёд кардам.

-Оҳо, ҳоло ин тавр гӯ,-табассуме дар лабони Диловар дамиду ба сӯйи Сайёра нигоҳ кард ва сохтакорона суханашро идома дод:- Ту чаро духтари маро хафа кардӣ-ҳа? Чаро? Ҳоло рӯз шавад, баъд ман медонам ба ту чӣ кор кунам.

Ханда аз лабони Сайёра канда намешуд. Ӯ аз рафтору кирдори духтараш дар ҳайрат меафтод. Аз зиракиву доногии духтараш хушҳол гашта завқ мебурд ва ин лаҳзаҳои ширини зиндагӣ дар хотираш нақш мебаст. Вале Фирӯза як одати баде ҳам дошт. Ҳар гапе, ки шунавад, ҳатман ба падараш нақл мекунад. Вай ин одатҳои духтарашро хеле хуб аз худ карда буд. Ӯ медонист, ки чӣ дағалие нисбат ба духтараш раво бинад, Фирӯза ҳатман ба падараш     нақл мекунад, хабаркашӣ менамояд.

Диловар чанд қадам ба пеш монд ва ба Фирӯза гуфт:

-Ҳоло ба модарат ҷазо намедиҳем. Чунки ҳозир шаб аст. Рӯз шавад, баъд медонем ба ӯ чӣ кор кунем. Ҷазояшро медиҳем. Ту розӣ ҳастӣ, духтарам?

-Ҳа, майлаш, лекин саҳар модарамро ҷанҷол накарда ба кор нарав.

-Майлаш, модаратро ҷанҷол накарда ба кор намеравам.

Диловар назди оташдон нишаст. Фирӯза дар бағалаш буд. Ӯ сари зонуи падар нишаста даст аз гардани падар намегирифт…

Сайёра дастурхон партофт, таомро ҳам овард. Онҳо хӯрок мехӯрданд. Лекин Фирӯза майли хӯрокхӯрӣ надошт. Ӯ аз оғӯши падараш дур намешуд. Шикамаш ҳам ба ёдаш намерасид. Фақат аз дасти падар чанд луқма ба даҳон бурду халос...

…Вақти хоб ҳам фаро расид. Сайёра ҷойгаҳи хобашонро омода сохт. Сипас, чароғро хомӯш кард, ки аз ин ҳама ҷо торик шуда монд. Оташи оташдон ҳам кунд гашта буд, дар он лахчаҳо боқӣ монда буданду халос.

Фирӯза мисли ҳаршаба байни падару модар якпаҳлу ёзид. Вай дастонашро дар гардани падар сахт ҳалқа карда сар намедод. Ӯ одатан ҳар шаб ҳамин хел мехобид. Баъд аз он ки паҳлуи падар хобаш мебурд, модараш ӯро гирифта ба ҷойгаҳи худаш мегузошт. Ҳар субҳ, вақте ки Фирӯза аз хоб бедор мешуду худро дар паҳлуи падар намедид, бо гиряву нола аз модараш изҳори норозигӣ менамуд.

Фирӯза дар хонаи торик даст аз гардани падар гирифта, панҷаашро ба рухсораи падар монда соидан гирифт ва гуфт:

-Атаҷон!

-Ҷони ата!

-Аз ту бӯйи хуш мебарояд. Ман ин бӯйи туро дӯст медорам. Мехоҳам, ки то рӯз хобам набараду туро бӯ кашида истам, лекин хобам мебарад.

-Оҳо, атаат бӯйи хуш мекардааст –ҳа,- овоз баровард Сайёра.

-Ҳа, атаам хеле бӯйи хуб доранд.

-Ман чӣ?

-Не, оча, тӯ бӯйи дуду оғил мекунӣ. Барои ҳамин бо падарам хоб нашав, ки боз бӯйи ту ба сару тани атаҷонам начаспаду бӯйи хушашро нест кунад. Ту аз бари мо дур хоб кун. Ана, ҷойгаҳи манда бихоб. Ман бошам, бо падарам.

-Эй аҷинача, ҳозир гирифта дар ҷойгаҳат мехобонамат. Боз ман бӯйи бад мекардаам-а?- гуфт Сайёра.

-Ҳа, ту бӯйи бад мекунӣ, барои ҳамин ман туро неву атаамро оғӯш мекунам.

-Ин тавр ки бошад, туро дигар дар ҷойгаҳамон роҳ намедиҳам. Худат танҳо дар ҷойгаҳат бихоб.

-Атаҷон, ана шунидӣ, ки очам чӣ мегӯяд. Ӯ маро дигар дар бари ту хоб кардан намемонад.

ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21—00 ИНТИЗОР БОШЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД