Arzon march 2024
БӮЙИ НОН Ё КАМБАҒАЛӢ МАРГ МЕОРАД?
3048


Насибро хоб намебурд аз гушнагӣ. Паҳлӯ ба паҳлӯ мегашту рақам мешумурд. Вале бо рақамшумурӣ меъдаро ором карда наметавонист. Имрӯз ба хотири апаҳояш вақти пешин модараш як оши бомазза пӯхт. Вале, хеле кам буду касе аз хӯрдани он сер нашуд. Бегоҳӣ бошад, як порагӣ нони ҷувориро ба ӯву апаҳои камақлаш тақсим карда доданду халос. Модару падараш ҳам гушна хоб рафтанд.

-Чаро ман фарзанди аввалин нестам? Вагарна Русия рафта кор мекардаму аҳли оиларо таъмин мекардам. Насиби чордаҳсоларо бо сабаби касодии рӯзгору пули мактаб наёфтанашон, падару модар аз таҳсил ботамом гирифтанд. Худи Насиб пойафзоли дурусте надошту шарм мекард, ки ба мактаб равад. Ҳамсинфони сарватмандаш ба ҳоли ӯ баринҳо писханд мезаданд. Охир ӯ бачаи бо тану тӯш шудааст. Аз пӯшидани либосҳои саддарбеҳу танг хориаш меояд. Дар танҳоӣ гоҳҳо гиря мекунаду мурданро орзу мекунад. Аҳволи падари бемору модари афгорашро дидан намехоҳад.
Бар замми ҳамаи ин ду апааш модарзод нуқсдор тавлид ёфта, дар хона гӯё як бори зиёдатианд. Чунки ақлашон ба чизе сарфаҳм намераваду зуд-зуд аз хона гум мешаванд. Насиб ҳарчӣ тезтар мурдани онҳоро аз Худо илтиҷо мекард. Чор апаи дигараш бошад соҳиби хонаи ободи худ ҳастанд. Шавҳарони апаҳояш ҳам бо сабаби шароити бади иқтисодӣ айнизамон дар Русия мардикоранд.
-Ҳамин қиматтиба чӣ ин қадар таваллуд мекарда бошанд? – андеша мекард Насиб. Ҳоли зори апаҳои серфарзандашро дида. Деворҳои ҳавлӣ қариб, ки пурра кафида фурӯ раванд, вале ҳатто барои пойдевор кардан ҳам имкон надоранд. Айвони дарози бетиреза ҷойи нишасту хоби Насиб ба ҳисоб мерафт, зеро апаҳояш баъзе рӯзҳо ҳамроҳи фарзандон шабхоравӣ меомаданду дар хона ҷой мешуданд. Ва он гоҳ… Дар ҷойи тангу хунук Насибро тамоман хоб намебурд. Оҳу воҳкунии падари фалаҷгаштааш ба асабаш сахт мерасид. Базӯр тоқат мекарду инҷиқиҳои падарро мебардошт. Охир замоне падараш солим буду дар колҳоз кор мекард. Он вақтҳо аз маводи хӯрока танқисӣ намекашиданд. Падари меҳнатиаш 45 сол собиқаи корӣ дошт. Рӯзе вақти каланд кардани замин худ аз худ пойҳояш варам карданду беҳол афтид.
Ба ҳамин бистарӣ шуд. Пуле надоштанд, ки табобат кунанд. Акнун ба ҷойи падар Насиб дар замини колхоз кор мекунад. Ў аслан аз хурдӣ бачаи эҳсосӣ буду мехост мактаб хонда санъаткор шавад. Суратҳои актёрони номдорро ҷамъ мекард. Вале, имрӯз эҳтиёҷ ӯро ба ин аҳвол афкандааст. Бо либосҳои тунуку пойафзоли дарида, ба замин рафта базӯр-базӯр каланд мезанад. Агар дар дигар оилаҳо яккаписарро эрка ба воя расонанд, дар оилаи онҳо «эркагӣ» чист намедонанд. То имрӯз ӯ маззаи шоколадҳои «Сникерс»-у «Марс»-ро начашидааст. Фақат медонад, ки барои чӣ модараш рӯздармиён як бор хӯроки гарм мепазад. Он ҳам бошад ё пиёба асту ё шӯрбои камравғани наскдор. Ошро моҳе як бор мувофиқи имкон бегӯшт мепазанд. Насиб аллакай ба хубӣ медонад, ки «дарди камбағалӣ чӣ дардест. Дарди ҷонгудозу хорӣ будааст ин дард. Ҳама ба ҳолат механданд, ба ту аз баландӣ нигоҳ мекунанд, ба маъракаҳояшон даъват намекунанд, рӯзҳои ид касе по ба остона намемонад. Рӯзи иди Рамазон касе хонаи онҳо наомад. Ҷӯраҳояш масхаракунон гуфтанд, ки дар хонаи онҳо ғайри калламуш дигар чизе нест. Насиб ҳатто рӯзи ид либоси наве надошт, ки пӯшад. Боз пинҳонӣ гирист, дилаш месӯзад ба аҳли хонавода. Аммо аз дасти ӯ чӣ ҳам меояд? Ба ҳафт сомонии музди меҳнаташ чизе харида наметавонад. Ҳавлиашон таъмирталаб шуда намаду курпачаҳояшон тамоман кӯҳнаву афсур да, таъби касро хира мегардонад. На сиб ният дорад, ки пас аз як сол пул қарз гирифта роҳи Русияи мардикорпарварро мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД