Дирӯз, 22-юми октябр дар меҳмонхонаи Рӯмӣ”-и пойтахт ба ифтихори оғози 4 лоиҳаи муҳими минтақавӣ семинар баргузор гашт.
Дар чорабинӣ сафирони Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон, намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ширкатҳои маҳаллӣ иштирок намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ 4 лоиҳаи минтақавӣ, ки бо мақсади ҷорӣ намудани усулҳои наву муфиди обёрӣ ва технологияҳои муосир дар соҳаи кишоварзӣ ба хотири пешгирии талафоти об, сарфа намудани энергия, беҳдошти муҳити зист ва бунёди манзилҳои захиракунандаи энергия “Хонаҳои сабз дар Осиёи Марказӣ” роҳандозӣ мешаванд, ба ҳозирин муаррифӣ карда шуданд.
Аз ҷумла лоиҳаи «Шарикии ирригатсионӣ дар водии Фарғона», ки бо мақсади беҳтар намудани системаҳои обёрӣ ва истифодаи устувори захираҳои об дар хоҷагии қишлоқ аз ҷониби намояндагии Helvetas Intercooperation gGmbH дар Қирғизистону Тоҷикистон ва созмони Юз оф Ош татбиқ мегардад, дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамени вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилоятҳои Ош ва Боткенти Қирғизистон амалӣ карда мешавад. Дар доираи лоиҳаи мазкур бо мақсади ҷорӣ намудани технологияҳои нави обёрӣ дар бахши кишоварзӣ шаш намоишгоҳи тиҷоратӣ пешбинӣ шудааст, ки зиёда аз 900 нафар деҳқонони Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо ширкатҳое, ки ба истеҳсоли таҷҳизоти замонавии обёрӣ машғуланд ва муассисаҳои молиявӣ пешбинӣ менамояд.
Ҳадафи ташаббуси “Хонаҳои сабзи Осиёи Марказӣ” бошад, бунёди манзилҳои ба иқлим тобоварест, ки энергияро сарфа менамоянд.
Лоиҳаҳо бо дастгирии Бунёди Грантҳои хурд ва инноватсияи иқлимӣ (SGCIF), ки аз ҷониби Ҳукумати Британияи Кабир барои рушди байналмилалӣ маблағгузорӣ мешавад, амалӣ карда мешаванд. Ин фонд бахше аз барномаи минтақавии "Идоракунии хатарҳои иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ" мебошад, ки аз ҷониби GIZ бо супориши Ҳукумати Олмон амалӣ мешавад.