Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз ҷараёни корҳои сохтмонии ҳавзи нави обтаъминкунӣ дар деҳаи Пинёни ҷамоати деҳоти Фондарё боздид ба амал овард.
Бино ба иттилои дафтаари матбуоти раиси ноҳия, ин иншооти муҳими инфрасохторӣ бо мақсади беҳтар намудани таъминоти сокинони шаҳраки Сарводаи ҷамоати шаҳраки Зарафшон бо оби тозаи нӯшокӣ бунёд гардида истодааст.
- Ҳавзи мазкур дорои ҳаҷми 320 метри мукааб буда, масофа аз шаҳрак то ҷойгиршавии он 2 километрро ташкил медиҳад. Дар баробари сохтмони ҳавз, барои тозакунии ҳавзҳои такшинкунандаи оби нӯшокии шаҳраки Сарвода низ корҳои иловагӣ дар самти иваз ва васлу насби қубурҳои обӣ идома доранд. Таъмири қубурҳо, ки қутрашон аз 250 то 400 миллиметрро дар бар мегирад, имконият медиҳанд интиқоли об бо сифати баланд ва бо иқтидори бештар ба роҳ монда шавад,- меафзояд манбаъ.