Аз ҷониби Россия бо роҳу усулҳои гуногун ҷалб шудани зодагони Тоҷикистон ба амалиётҳои ҳарбӣ дар Украина ба мавзӯи доғи рӯз табдил ёфтааст.
Хабарҳои нохуш дар бораи ҳалокати тоҷикон дар ин ҷанг тез-тез дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, сару садоҳои зиёдеро ба миён меоранд.
Чанд рӯз қабл дар телеграм канали “Украина сейчас”навори видеоие пайдо шуд, ки дар он як сарбози ба асорат афтидаи тоҷик чи тавр ба ҷанг рафтан ва чи гуна асир гаштанашро нақл мекунад. Ин ҷавони асир ҳамагӣ 20-сол дошта, Бунёд Ҷӯраев ном доштааст ва мегӯяд, зери фишор қарор гирифта, аз ночорӣ ба шартнома имзо гузошта, ба ҷанг рафтааст.
Ба қавли худаш, Бунёд коллеҷи техникии Владивостокро хатм намуда, ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Россия даъват шудааст. Ҳамагӣ 4 моҳ пас дар назди ин сарбози ҷавон шарт мегузоранд, ки аз ду якеро интихоб намояд: зиндон ё иштирок кардан дар амалиёти махсуси ҳарбӣ дар Украина?
Бунёд Ҷӯраев роҳи дуюмро интихоб мекунад ва ҳамин тавр ӯро ба Украина мебаранд. Ин тоҷикбачаи асир мегӯяд, онҳо дар аввал “окоп” меканданд, вале баъд бо баҳонаи он ки барои ҷангиён бояд хӯрокворӣ баранд, онҳоро ба хати пеши фрон партофтанд ва таҳдид карданд, ки агар мавқеи худро тарк намоянд, бегуфтугӯ парронда мешаванд. Ҳамин тавр ин ҷавони тоҷик ба муҳосира меафтад ва сарбозони украинӣ Бунёдро асир мегиранд.
Бунёд Ҷӯраев дар охири навор аз тамоми тоҷикон хоҳиш мекунад, ки дар амалиётҳои ҷангӣ дар кишварҳои бегона иштирок накунанд, зеро мисли гӯшти лаҳм ба гӯштқиммакунак меафтанд.
Бунёд Ҷӯраев кист?
Тавре ки радиои “Озоди” хабар додааст, Бунёд Ҷӯраев зодаи деҳаи Ғозантараки ноҳияи Деваштич буда, 5 сол қабл ҳамроҳи бародар ва волидонаш ба Федератсияи Россия рафтааст. Мактаби миёнаро дар ҳамон ҷо хатм намуда, Ҷӯраев ба коллеҷи техникӣ дохил мешавад, вале пас аз хатми коллеҷ Бунёдро ба хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Россия даъват карда, тариқи шартномавӣ ба амалиёти махсуси ҳарбӣ ба Украина бурдаанд.
Ду моҳи охир ин ҷавони тоҷик якбора беному нишон гашта, асир афтиданашро наздиконаш аз ҳамин навори видеоӣ фаҳмидаанд. Сарнавишти минбаъдаи ин ҷавони тоҷик маълум нест.