Formula novemver 2024
Буққа дар хоб рамзи бало аст ё боигарӣ?
19.12.2024
Оила
1202

 

Салом! Ман чанд шаб боз хоб буққа хоб мебинам. Дар хобам гоҳ маро буққа мезанад, гоҳи дигар аз бозор буққача мехарам ва ба ҳамин монанд хобҳо мебинам. Ба чанд кас хобҳоямро нақл кардам, яке мегӯяд, ки буққа дар хоб бало аст, дигарӣ баръакс онро рамзи боигарӣ меномад. Мехоҳам таъбири дурусти хобамро бидонам.

Алишер, сокини шаҳри Ваҳдат

Посух

Аслан буққаро хоб дидан фоли бад нест. Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, агар мард хоб бинад, ки буққа харидааст, бо ягон зани сарватманд издивоҷ мекунад ё сарчашмаи нави даромад ёфта, бою бадавлат мешавад. Галаи калони буққаҳоро хоб дидан маънои соҳиби мансабу вазифаи баланд гаштанро дорад. Ром кардани буққа дар хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шумо бо шахсе ошноӣ пайдо мекунед, ки дар зиндагӣ аз вай бароятон манфиатҳои бисёре расида метавонад.

Зан ё духтари муҷаррад хоб бинад, ки буққа харидааст, бо ягон марди сарватманд издивоҷ мекунад.

Ғайбдони машҳур Ванга гуфтааст, агар кас буққа хоб бинад, меҳнат ва заҳмати кашидааш аз ҷониби роҳбарияти корхонае, ки дар ҷо кор мекунад, қадрдонӣ карда мешавад. Хоб бинед, ки шуморо буққа думболигирӣ дорад, бо одами якраве рӯ ба рӯ мегардед, ки ҳеҷ гоҳ кори оғоз кардаашро ҳеҷ гоҳ нимкора намегузорад. Шумо метавонед дар амалӣ гардонидани орзуҳои худ аз ин шахс кӯмак пурсед.

Аммо хоб бинӣ, ки касеро буққа зада куштааст, ин фоли нек нест. Чунин хоб аз сар задани ягон ҳодисаи нохуш ба одамони наздики шахси хобдида дарак медиҳад.

Дар хобномаи исломӣ буққа ба ду тарз таъбир карда шудааст. Бархе онро нишонаи саршавии ҷангу ҷанҷол ва нооромӣ медонанд, вале дар хобномаҳои дигари исломӣ гуфта шудааст, ки агар кас буққа хоб бинад аз ҷое, ки интизор нест, ба ӯ кӯмак ё даромади хуби пулию молӣ мерасад. Кас хоб бинад, ки ба буққа савор шудааст, мақому мартабааш дар зиндагӣ хеле баланд гашта, соҳиби мансабу вазифа ва шахси обрӯманд мегардад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД