Маҳсулоти лозима:
2 банан, 200 грамм шакар, 130 грамм равғани маска, ванилин, 95 грамм орд, 40 грамм какао.
Тарзи таҳия:
Тафдонро ба ҳарорати 180° дараҷа тасфонед. Бананро дар зарфе майда карда, ба он равғани маска ва ванилинро бо орд, намак ва какао илова кунед. Ба қолаби пухтупазӣ равғани маска молида, хамири омодашударо ба он рехта, муддати 25-30 дақиқа пазед.