Ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол пагоҳ, 22-юми май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии дӯстона миёни ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия баргузор мешавад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, вохӯрӣ соати 18:00 оғоз шуда, даромад ба варзишгоҳ барои мухлисон ройгон мебошад.
Дар ҳайати дастаи ситораҳои Тоҷикистон футболбозони маъруф, ки дар рушди футболи кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, шомиланд.
Дар ҳайати мунтахаби устураҳои Русия ситораҳое ба мисли Ринат Дасаев, Егор Титов, Дмитрий Аленичев, Валерий Шмаров, Сергей Киряков ва дигар собиқадорони футбол ширкат хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ки меҳмонон бегоҳии имрӯз, 21-уми май аз Москва ба Душанбе меоянд.