Бозии “Рома” ва “Милан” дар даври 22-юми Серияи А мусовӣ анҷом ёфт
27.01.2026
Oila.tj
95

Бозӣ байни дастаҳои “Рома” ва “Милан” дар даври 22-юми мавсими ҷории Серияи А-и Италия 2025/2026 дар варзишгоҳи "Олимпико"-и шаҳри Рим бо ҳисоби мусовии 1-1 ба анҷом расид.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, ҳимоятгари бошгоҳи Милан Конни Де Винтер дар дақиқаи 62-юм ҳисобро кушод. Вале нимҳимоятгари мизбонон Лоренсо Пеллегрини бошад, дар дақиқаи 74-ум бо зарбаи пеналтӣ ҳисобро баробар кард. Дар вақтҳои боқимонда дастаҳо ба задани гол муваффақ нашуданд.

Пас аз 22 бозӣ дар Серияи А-и Италия “Рома” бо 43 имтиёз дар ҷои чорум қарор дорад. “Милан” 47 имтиёз дошта, дар ҷадвал дуюм аст.

Дар даври баъдии чемпионати Италия бошгоҳи шаҳри Рим рӯзи 2-юми феврал дар сафар бо “Удинезе” бозӣ намуда, як рӯз пас аз ин бошад, “Милан” бо Болония рақобат хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД