Formula novemver 2024
БОЗИИ ҚИСМАТ ҚИСМИ 1
2343

 Зебо говро ҷӯшиду сатили ширро гирифта, аз оғил баромад. Хушдоманаш рӯйи ҳавлӣ болои кат нишаста, бо хусураш паст-паст гап зада, чизеро баҳс мекарданд. Танҳо ду калима ба гӯши Зебо расид: духтари шавҳармурда ва безуриёт.

Дилаш таҳ кашид, фикр кард, ки безуриёт гуфтанашон ба ӯ дахл дорад, вале “духтари шавҳармурда кӣ бошад” гӯён, якбора табъаш хира гардид.

...Мабодо хоби дидаам рост барояду дар ҳақиқат Олимҷон зан гирад, он гаҳ ман чӣ кор мекунам? Эҳ зиндагӣ, мабодо он рӯзе, ки шавҳарам зан бигираду маро пеш кунад. Бибиам буҷули асп дода буд, ки шояд писардор шавӣ,ба умед дар кунҷи сандуқат мон. Оҳ Олимчон, дар ин дунёи дурӯза ҳама меҳмонем. Мову ту ҳам ғаниматем. Вақте дар донишгоҳ бо ҳам шинос шудем, гуфтӣ ки бо як дидан ошиқам шудаӣ.

Шаби тӯй гуфтӣ, ки якумр ҳамроҳ мемонем.Наход, ки ба хотири бефарзандӣ маро хоки раҳ кунӣ, майлаш зан гир, аммо маро аз хонаат пеш накун. Хизматгори дари хонаат мешавам то мурдан, фақат маро пеш накун. 14 сол хизматгори падару модарат будам. Боре ба рӯят нигоҳ накардаам. Танҳо туро чашм кушода дидаам, дӯст доштам.

Зебо ширро ҷӯшонида, як тараф гузошту аз пайи хӯрок овардан шуд. Пеши хусуру хушдоманаш дастархон кушода, нон гузошта, як косагӣ шӯрбои гармакак овард.

-Ҳа келин, чаро табъат гирифтагӣ? Касе туро ранҷонид?

-На, холаҷон, ҳамааш хубаст.

-Рангу рӯят кандагӣ, ким чӣ хел ҳастӣ?

-Не, холаҷон, ба назаратон намудагист. Ҳамааш хуб аст.

-Биё, ту ҳам як коса шӯрбо хӯр.

-Не холаҷон, бегоҳиҳо баъди хӯрокхӯрӣ меъдаам ба сӯзиш меояд. Ин бегоҳӣ намехӯрам.

-Майлаш, эҳтиёт кун. Олимҷон имрӯз дер кард, дилам дар ташвиш шуд.

-Ман ҳам дар ташвиш шудам. Ҳозир меомадагист.

Вақтҳои охир шавҳараш шабҳо дер ба хона меомадагӣ шудааст. Зебо то омадани шавҳараш хоб нарафта, интизорӣ мекашид. Ин бегоҳӣ ҳам ӯ дер омад.

-Олимҷон,хелеинтизоршудам,чаро дер кардед?

-Коратчӣ? Борҳо гуфтам, ки напурс маро. Зан набояд шавҳарро пурсад. Фаҳмидӣ?

-Фаҳмидам. Шӯрбои бо маззааст, гарм кунам?

-Не, сер ҳастам.

Ҳамин вақт телефонаш занг заду шавҳараш осемасаргӯширо гирифта, берун баромад. Дили Зебо сиёҳ шуд.

Эҳ Худоҷон, кош ҳам суҳбаташ зан набошад.Кош, медонист чӣ қадар дӯсташ медорам. Олимҷон, ту маънии ҳаёти манӣ. Бе ту нафас кашида наметавонам.

Олимҷон бо хонуми дигаре шинос шуда буд, ки Дилоро ном дошт, онҳо то дергоҳи шаб суҳбати ошиқона карданд.Сипас ба утоқи хобаш даромад. Зебо ҳанӯз хоб набуд.

-Зебо, чаро хоб нестӣ?

-Туро интизорам.

-Хоб кун, шаб аз ним гузашт.

-Ту ҳам хоб кун. Хасташудӣ.

Олимҷон ғелиду ҳамон замон хобаш бурд. Зебо ба абрӯвони пайвасти шавҳараш нигариста,бо муҳаббат зерилаб гуфт:

-Оҳ, азизи дилам. Бароят мемирам. Ҷони ширинам аз ту тавалло дорам, маро напарто.

Олимҷон боДилрабо, ки шавҳараш фавтида буд,дар тӯйи бародараш шинос шуду бо ҳам аҳду паймон бастанд. Аммо ҷавонзан шарт гузошт, ки зани қисиратро сар медиҳӣ, баъд ман барои никоҳ розӣ мешавам.Олимҷон ба фикр фурӯ рафт,дилаш ба занаш месӯхт. Охир, ин қадар сол бо Зебо зиндагӣ карда, ҳарфи баде аз ӯ нашунидааст.

Бо ҳам зиндагии орому ширине доштанд, вале фарзанддор намешуданд.Занаш зани хуб аст, вале бе кӯдак зиндагӣ маъние надорад.Зебо гирякунон хоб рафт.Субҳ аз садои мусиқии шавҳараш, ки дар телефон сабт карда буду ҳангоми дар ташноб будани ӯ садо дод,гумон кард дилаш аз қафаси синааш баромад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД