Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал имрӯз дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 бо чемпиони феълии ҷаҳон - дастаи мунтахаби яккачини Португалия, ки дар даври якум бар дастаи мунтахаби Панама бо ҳисоби калон 10:1 пирӯз гашта буд, рақобат хоҳад кард.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Хотиррасон мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ифтитоҳии даври аввали гурӯҳи «Е» бо чемпиони Африқо – дастаи мунтахаби Марокаш вохӯрда буд. Ин бозӣ бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи футзалбозони Марокаш анҷом ёфт.
Имрӯз, 19-уми сентябр футзалбозони тоҷик бо тими машҳури Португалия рақобат менамоянд.
Ду бозии аввал дар шаҳри Тошкент баргузор гашта, тибқи нақша бозии сеюм дар Бухоро мегузарад. Рақобати охирини дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Панама рӯзи 22-юми сентябр доир хоҳад гашт.