Formula novemver 2024
Бозгашти шаҳрвандони тоҷику қазоқ аз Сурия
470

 

21-уми май беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла занону кудакон ва тифлони хурдсол аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Дар ин хусус АМИТ "Ховар" хабар дод.

Ҳамаи 104 нафар, ки аз 29 оилаанд, бо дастури президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан оварда шуданд.

"Онҳо тавассути ҳавопаймои махсус ба Тоҷикистон оварда шуданд ва онҳоро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазир ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд",-навишт манбаъ.

Гуфта шуд, ки бо дархости ҷониби Қазоқистон, ҳамчунин панҷ шаҳрванди ин кишвар (як зан ва чор фарзанди ӯ) низ аз Сурия бароварда шуданд.

Бояд гуфт, ки раванди баргардонидани тоҷиконе, ки дар лагерҳои гурезагони Ироқу Сурия қарор доранд ҳанӯз се сол қабл бо дастури Пешвои миллат оғоз шуда буд. То ин дам садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, махсусан занону кудакон аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД