- Муҳоҷироне, ки аз Русия ва дигар кишварҳо баргаштаанд, оё дар Ватан кори ба худ муносиб пайдо карда метавонанд?
- Душанбе пур аз сохтмон аст, вале муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои кор ба дигар кишварҳо мераванд. Чаро?
- Оё муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар диёри худ бо тиҷорат машғул шаванд?
- Барои кор дар соҳаи кишоварзӣ ба муҳоҷирони баргашта чи имтиёзҳо дода мешавад?
- Дар Тоҷикистон барои шахсоне, ки аз муҳоҷират баргаштаанд ва ё имкони дубора ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро надоранд, дар кадом соҳаҳо кор ёфт мешавад?
Рӯзи ҷумъа, 19-май, аз соати 18.00 то 19.00 дар мавзӯи “Бозгашти муҳоҷирон: Дар Тоҷикистон онҳо ҷойи кор ёфта метавонанд?” бо иштироки коршиносони самти муҳоҷират пахши мустақим баргузор мегардад. Шумо метавонед саволҳои худро дар комментария нависед ва ё дар рафти барнома ба мо занг зада, ба саволҳоятон посух бигиред.
Телефонҳо барои тамос: 92-743-10-08 ва 5555-61-008