Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе як зани 54-соларо бо гумони ташкил кардани муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ дастгир кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, боздоштшуда ба боварии марди 42-солаи сокини шаҳри Турсунзода даромада, ваъда додааст, ки дар пайдо кардани кор дар яке аз кишварҳои аврупоӣ ба вай кумак мерасонад. Ҳамин тавр, бо баҳонаи тахт кардани ҳуҷҷатҳо зан мардро ба хонааш даъват карда, аз ӯ 98 ҳазору 250 сомонӣ гирифтааст.
Тафтишоти қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.