goodwell
Боздошти як зан бо гумони ташкили фоҳишахона ва макони нашъамандӣ
209

Кормандони милитсия дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт занеро бо гумони ташкил кардани фоҳишахона ва макони айшу ишрат барои нашъамандон боздошт намудаанд.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, боздоштшуда Амирова Дилрабо, соли таваллудаш 1988, дар кӯчаи Неъмат Қарабоев хонаеро ба иҷора гирифта, бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ барои истеъмоли воситаҳои нашъадор шароит фароҳам овардааст. Ҳангоми баргузории чорабиниҳои оперативӣ, истеъмолкунандагони воситаҳои нашъадор - шаҳрвандон Ниёзов Фирдавс, Одинаев Сайдалӣ, ноболиғон Каримова Хайриниссо ва Аҳмадиева Сабрина низ дастгир карда шуда, зимни кофтуков аз онҳо воситаҳои нашъадори навъҳои «Метамфетамин» ва «Ҳашиш», инчунин таҷҳизоти истеъмоли воситаҳои нашъадор ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад. Нисбати соҳибмулки манзили истиқоматӣ низ барои ба нашъамандон вогузор намудани манзил чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Аз шаҳрвандон талаб карда мешавад, ки аз иҷора додани манзили зист ба афроди шубҳанок қатъиян худдорӣ намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД