Кормандони милитсия сокини 38-солаи шаҳри Душанбе Ш. Каримовро, ки қаблан барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ суд шудааст, дубора бо ҳамин ҷурм дастгир кардаанд.
Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян гардидааст, ки номбурда дар назди терминалҳои худкори «Душанбе Ситӣ» истода, бо баҳонаи ба ҳамёни электронӣ интиқол додан аз шаҳрвандон маблағҳои пулии нақдро гирифта, бо нишон додани расиди қалбакӣ шаҳрвандонро фиреб додааст.
Оид ба кирдорҳои ҷиноятии Каримов Ш. маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишот қарор дорад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда шудааст, ки агар мавриди фиреби Каримов Ш. қарор гирифта бошанд, тавассути рақамҳои (+992)018020202 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.