Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти як гурӯҳ қаллобон хабар додааст, ки бо ваъдаи ба иҷора додани хона шахсони иҷораҷӯйро фиреб дода, маблағҳои пулиашонро азони худ намудаанд.
“Аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино шумораи зиёди ҷиноятҳои қаллобӣ ошкор карда шуданд. Гумонбарон дар сомонаи "Сомон.тҷ" дар бораи ба иҷора додани манзили истиқоматӣ эълонҳои бардурӯғ нашр карда, маблағҳои шаҳрвандонро аз худ намудаанд”,-омадааст дар хабар.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шахсоне, ки мавриди фиреби ин гурӯҳи ҷиноятпеша қарор гирифтаанд, хоҳиш кардааст ба рақамҳои 018-02-02-02 занг зада, дар ин бора ба милитсия хабар диҳанд.