Кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Душанбе Шаҳром Бегов ном мардеро бо гумони бо роҳи қаллобӣ аз худ намудани маблағи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик боздошт намудаанд.
“Як гурӯҳ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия кору зиндагӣ мекунанд, ба милитсия муроҷиат намуда, аз афтодан ба доми қаллобӣ шикоят намуданд. Дар рафти тафтишот маълум шуд, ки Бегов Шаҳром ном мард тариқи шабакаи Телеграм муҳоҷиронро фиреб карда, бо ваъдаи тахт кардани ҳуҷҷатҳо ва хизматрасонии таксӣ аз он пул мегирифтааст. Боев аз эътимод ва боварии муҳоҷирон истифода бурда, тариқи ҳамёни электронӣ беш аз 500 ҳазор рубли русӣ маблағи муҳоҷиронро аз худ намудааст”,-омадааст дар хабар.
Айни замон 20 ҳолати қаллобии Бегов Шаҳром ошкор карда шуда, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.
Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар сурати рӯ ба рӯ гаштан бо чунин ҳолатҳо фавран ба рақами зерин занг зананд: (+992) 018-02-02-02