Дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори нашри латукӯби писарбачае аз ҷониби модар нашр шуд, ки сомонаи "Оила" ҳам онро бознашр кард.
Чанд лаҳза қабл кормандони милитсияи Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қубодиён ин занро боздошт карданд.
Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Буриева Гузалхон Собировна, соли таваллудаш 1989, сокини деҳаи Шоғарави ноҳияи Қубодиён мебошад, ки писарбачаи ноболиғ Мамараҳимов Иброҳим Илҳомҷонович, соли таваллудаш 2013-ро, ки писари ӯгаи ӯ буд, бераҳмона лату кӯб намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.