Arzon march 2024
Боздошти марди 70-сола бо гумони ҷодугарӣ
191

Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе марди 70-сола Муъминов М.-ро бо гумони фолбинию ҷодугарӣ боздошт намудаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки ин марди 70-сола бо роҳи ғайриқонунӣ бо сеҳру ҷодугарӣ машғул шуда, одамони содаю зудбоварро ба дом афканда, аз ҳисоби мизоҷонаш пайваста фоидаи пулӣ ба даст меовардааст.

М. Муъминов дар манзили истиқоматиаш мизоҷонро қабул карда, фол медидааст ва амалҳои дигари хислати сеҳру ҷоду доштаро анҷом медодааст. Ҳамроҳи Муъминов ду зан, ки мизоҷони ин марди фолбин будаанд, боздошт шудаанд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон расонидааст, ки машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва муроҷиат кардан ба соҳирон ва фолбинҳо тибқи қонун манъ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД