Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти марди 57-солае хабар додааст, ки дар 12 ҳолати қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.
Сироҷ Қурбонов сокини ноҳияи Ёвон буда, ба иттилои манбаъ, беш аз як миллион сомонӣ маблағи мардумро бо роҳи қаллобӣ ва фиреб аз худ намудааст.
Маҳз бо кадом роҳ одамонро ба доми фиреб андохтани боздоштшуда маълум нест, вале гуфта мешавад, ки Сироҷ Қурбонов пештар барои қаллобӣ 5 маротиба суд шуда бошад ҳам, ба ҷойи ислоҳ шудан такрор ба такрор ба ин амали ҷиноӣ даст зада, ин дафъа беш аз як миллион сомонӣ маблағи мардумро бо макру фиреб аз худ кардааст.
Аз шаҳрвандоне, ки мавриди фиреби Қурбонов С. қарор гирифтаанд, хоҳиш карда шудааст, ки тавассути рақамҳои (+992) 018-02-02-02 ба Раёсати ВКД дар ш. Душанбе муроҷиат намоянд.