formula feb 2025
Боздошти марде, ки падару модари пирашро куштан мехост
507

Кормандони милитсия як сокини шаҳри Леваканти вилояти Хатлонро барои сӯйиқасд ба куштор боздошт намудаанд. Гуфта мешавад, ки ин мард ба сари падару модари пираш корд кашида, таҳдид кардааст, ки онҳоро мекушад.

Ҳодиса шоми 16-уми январ, тахминан соатҳои 22:00 сар зада, марди 41-сола дар ҳолати мастӣ ба хонаи падару модараш омадааст ва бо волидонаш ҷангу ҷанҷол кардаву ба сари модари 65-сола ва падари 66-солааш корд кашидааст ва таҳдид намудааст, ки онҳоро ба қатл мерасонад. Ӯ баъди 4 рӯз, санаи 20-уми январ дубора дар ҳолати мастӣ ба хонаи волидонаш рафта, боз падару модари солхӯрдаашро таҳдиди куштан намудааст.

Айни замон нисбати боздоштшуда барои сӯйиқасд ба куштор бо моддаи 120-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишоти қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД