arzon replenishment
Боздошти марде, ки бо ваъдаи электромобил 20 миллион сомонии мардумро гирифтааст
630

Кормандони Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии ВКД як сокини 24-солаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлонро бо гумони қаллобӣ ба маблағи махсусан калон боздошт намудаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, Абдуллоҷон Сайфуллоев ба одамон ваъда медодааст, ки бо нархи 160 ҳазор сомонӣ аз кишвари Чин барояшон мошинҳои электромобили тамғаи BYD Song Plus меорад, вале пули дигаронро ба манфиати шахсии худ сарф намуда, ба қавлаш амал намекардааст.

Ҳамин тавр, бо ваъдаи овардани мошин Сайфуллоев аз одамон зиёда аз 20 миллион сомонӣ пул гирифта, нафарони зиёдеро фиреб додааст.

Тафтишоти қазия идома дорад ва Вазорати корҳои дохолии кишвар акси Абдуллоҷон Сайфуллоевро нашр намуда, аз шахсони дигаре, ки ба доми ин мард афтодаанд, хоҳиш кардааст, ки бо рақамҳои (+992) 018-02-02-02-02 занг зада, хабар диҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД