Кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслимҷон Салимов, сокини 34- солаи шаҳри Душанберо бо гумони даст доштан дар дуздии маблағҳои шаҳрвандон аз ҳамёнҳои мобилӣ дастгир кардаанд.
Бино бар иттилоъи пулис, боздоштшуда дар бемористони Истиклол бо баҳонаҳои гуногун аз шаҳрвандон телефонҳои мобилиро гирифта, аз ҳамёнҳои электронии онҳо ба таври пинҳонӣ ба суратҳисоби худ пул интиқол додааст. Дар як маврид Муслимҷон Салимов аз ҳамёни шаҳрванд Б. Д ба корти шахсии худаш 15 ҳазор сомонӣ гузаронидааст.
Айни замон гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Кормандони милитсияи пойтахт аз ҳамаи ҷабрдидагон хоҳиш мекунанд, ки бо рақамҳои зерин занг зананд: (+992) 018-02-02-02.