Боздошти марде дар Тоҷикистон бо гумони одамкушӣ дар Қазон
392

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон мардеро боздошт намудаанд, ки дар Тотористон ҳамчун ҷинояткор дар ҷустуҷӯ қарор доштааст. Боздоштшуда дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ муттаҳам дониста мешавад.

Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, санаи 14-уми октябр ин марди 30-сола дар шаҳри Қазон зани 34-солаеро кордборон кардааст. Сабаби содир шудани ҷиноят маълум нест, вале дар хабар гуфта мешавад, ки гумонбаршаванда ба гардани зан бо корд зарбаҳои ҷонкоҳ зада, баъдан ба Тоҷикистон фирор кардааст. Аммо кӯшиши пинҳон кардани ҷиноят самар надода, ҷинояткор дар ҷараёни як амалиёти муштараки вазоратҳои умури дохилии Русия ва Тоҷикистон боздошт шудааст.

Дар робита бо ин ҳодиса 5 нафар боздошт шудаанд, ки дар байнашон шавҳари зани кушташуда - тоҷири номдор Иван Шевирев, падари вай ва сардори хадамоти бехатарии ширкаташон низ ҳастанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД