new banner new years
Боздошти мард барои то ба худкушӣ расонидани ҳамсараш
1017

Кормандони милитсия як ҷавонмарди 26-соларо дар шаҳри Истаравшан барои то ба худкушӣ расонидани занаш боздошт намудаанд.

Тибқи иттилои ВКД, ҳамсари мард ба ҷабру зулм ва мушту лагади шавҳар тоб наоварда, уксус нӯшидааст, то риштаи умри ҷавонашро бо дасти худ канда намуда, аз ранҷу азоб раҳоӣ ёбад.

Гуфта мешавад, ки боздоштшуда соли 2022 бо духтари 21-солаи сокини шаҳри Истаравшан оила барпо намуда, бо ҳамсараш аз аввал муносибати бад доштааст, нисбати занаш зӯровариро раво дида, ӯро ҳамеша таҳқир мекардааст, шаъну шарафи инсониашро паст зада, ранҷу азоб медодааст.

Шаби 27 ба 28-уми ноябри соли равон мард боз бо ҳамсараш ҷангу ҷанҷол карда, занашро бераҳмона латукӯб кардааст. Косаи сабри зан аз ҷабру зулм ва мушту лагади шавҳар лабрез гашта, бо мақсади худкушӣ уксус нӯшидааст.

Тибқи хулосаи судӣ-тиббӣ бар асари нӯшидани моеъи кимиёвии уксус даҳон, забон, ҳалқ ва меъдаи ҷавонзан сӯхтааст.

Айни замон нисбати боздоштшуда бо қисми 2-и моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то ба худкушӣ расонидан парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД