goodwell
Боздошти фолбине, ки бо қулфу калид ва банан “гармӣ” мекардааст
19.06.2026
Оила
54

Боздошти фолбине, ки бо қулфу

калид ва банан “гармӣ” мекардааст

Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе занеро боздошт намудаанд, ки бо фолбинӣ ва амалҳои ба сеҳру ҷоду алоқаманд машғул буда, бо истифода аз қулфу калид ва банан “гармию хунукӣ” мекардааст.

“Отчилова Дилбар, сокини 57-солаи шаҳри Душанбе аз ҷониби нозирони минтақавии ШВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ барои машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду дастгир карда шуд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда солҳои тӯлонӣ ба ин амали нангин машғул буда, бо истифода аз қулфу калид, банан, об, риштаю сӯзан ва дигар ашё шаҳрвандонро фол дида, бо ваъдаи он ки гӯё ба касбу кор ва зиндагии онҳо ривоҷу равнақ мебахшад, манфиати молиявӣ ба даст меовардааст,”-омадааст дар хабари Душанбе-полис.
Нисбати Отчилова Дилбар бо моддаи 482-и КҲМ Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, суд барои ин амал нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин намуд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД