Дар шаҳри Конибодом пулис як духтари 19-соларо бо гумони тамаъҷӯӣ боздошт кардааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дода, навиштааст, ки боздоштшуда акси урёни як мард аз Хуҷандро ҳангоми суҳбат дар “Ватсап” скрин карда, бо таҳдиди паҳн кардани он аз ӯ ду маротиба (як бор 1000 сомонӣ ва бори дуюм 300 сомонӣ) маблағ гирифтааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ин ҷавонзан моҳи август дар Хуҷанд ҳангоми харидории телефон бо фурӯшандаи он шинос мешавад.
Ин ниҳод менависад, рӯзи 14-уми ҳамин моҳ гумонбаршуда тариқи “Ватсап” бо ин мард суҳбат карда, аз ӯ хостааст, ки либосашро кашида, баданашро ба ҷавонзан нишон диҳад.
Тибқи иттилои ВКД, ҳангоми анҷоми ин кор боздоштшуда бадани урёни сокини Хуҷандро тариқи скриншот акс мегирад ва бо таҳдиди паҳн кардани он аз ӯ 1000 сомонӣ меситонад. Пас аз як рӯз ҷавонзан бори дигар ба ҷабрдида занг зада, бо роҳи иръоб (шантаж) аз ӯ 300 сомонии дигар мегирад.
Мақомот бар зидди ин ҷавонзан бо гумони тамаъҷӯӣ (моддаи 250, қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ) парванда боз кардааст. Ин банди қонун аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Назари худи боздоштшуда ва наздикону пайвандонаш дар робита ба ин ҳодиса дастрас нест.