Кормандони шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ду сокини пойтахт - Раҳимов Муҳаммад, соли таваллудаш 1995 ва Хуҷаев Меҳроб, соли таваллудаш 1997-ро, ки ҳарду қаблан ду маротиба бо ҷурми дуздӣ суд шудаанд, бо гумони ҳамин ҷурм дастгир кардаанд.
Гуфта мешавад, ки номбурдагон дар ҳудуди бозори «Корвон» маблағҳои пулӣ, либосҳои мардона ва матоъҳои гуногуни занонаро рабуда, бо ин амалҳои ҷиноятии худ ба соҳибкорон зарари пулӣ расонидаанд. Зимни тафтишоти пешакӣ беш аз 10 далели даст доштани ин ду нафар дар ҷиноятҳои дуздӣ муайян карда шудааст.
Гумонбарон айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, тафтишот идома дорад.