Sebiston new 2024 october
Боздошти боз як тоҷик барои амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл”
679

 

Дар Русия боз як тоҷикро бо гумони ҳамкорӣ бо гумонбарон дар содир намудани амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” боздошт намуданд. Ашӯровро ба он гунаҳкор месозанд, ки гумонбаршудагон Диловар ва Аминҷон Исломовҳоро дар манзили истиқоматиаш дар қайд гузоштааст.

Ашӯров ҳам шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандии Федератсияи Россияро дошта, бо аҳли оилааш дар Русия зиндагӣ мекардааст. Ба иттилои расонаҳои русӣ, ӯ бародарон Аминҷон ва Диловар Исломовҳоро, ки ҳамчун гумонбар дар содир намудани амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” боздошт шудаанд, дар манзили истиқоматиаш сохтакорона дар қайд гузоштааст.

Ба фарзияи тафтишот, Ашӯров натанҳо бародарон Исломовҳоро сохтакорона дар қайди манзилаш гузоштааст, балки мошину хонаи худро ба ихтиёри онҳо вогузор намуда, пулҳои ин ду нафарро, ки дар содир намудани амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” гумонбар дониста мешаванд, гузаронидааст.

Додгоҳи Твер барои ба муҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифтани Ашӯров ҳукм содир намудааст. Ин шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қисми 2-и моддаи 322-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия барои сохтакорона дар қайди манзил гузоштани гумонбарон дар амали террористӣ айбдор карда мешавад. Ашӯров айби нисбаташ эълоншударо пурра ба гардан гирифтааст.

Ёдрас мешавем, ки Диловар ва Аминҷон Исломовҳоро ҳамроҳи падарашон Исроил пас аз 3 рӯзи содир гаштани амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл”, санаи 25-уми март ба ҳабс гирифта буданд. Исломовҳо тибқи фарзияи тафтишот гумонбарони асосии амали террористиро бо мошин ва манзил таъмин намудаанд. Бародарон Исломовҳо дар навор мошинро шинохта,худашон ба Кумитаи тафтишотии Русия омада буданд ва фавран ба ҳабс гирифта шуданд. Аминҷон Исломов дар ҷаласаи судӣ изҳор дошт, ки вай гунаҳкор нест, зеро аз мақсаду мароми гумонбарони амали террористӣ хабар надошт, вале Суди шаҳри Москва ҳукми боздоштро бекор накард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД