Arzon march 2024
Боздошти ҷавонзани 19-сола бо гумони куштани шавҳараш дар Панҷакент
4474

Кормандони милитсия як ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри Панҷакенти вилояти Суғдро бо гумони одамкушӣ дастгир кардаанд. Ҷавонзан дар куштори шавҳараш муттаҳам дониста мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии кишвар, рӯзи 10-уми март дар манзили зисташон байни ин ҷавонзани 19-сола ва шавҳари 27-солааш ҷангу ҷанҷол сар зада, дар рафти моҷарои оилавӣ зан як маротиба ба қафаси синаи шавҳараш бо корд задааст. Мард дар ҷойи ҳодиса ҷон дода, зан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор боздошт шудааст.

Тафтишоти сабабҳои ҳодиса аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД