Кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе як ҷавони 23-соларо бо гумони авбошӣ дастгир намудаанд. Боздоштшуда дар ҷангу ҷанҷол ва кордзанӣ муттаҳам дониста мешавад.
“Аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар н. Шоҳмансур Абдурасулов Исмоил, сокини 23-солаи ш. Душанбе бо ҷурми авбошӣ дастгир гардид. Номбурда санаи 18-уми январи соли ҷорӣ Ашуров А., сокини 33-солаи ш. Душанберо латукӯб намуда, ҳамзамон бо корд ба дасти росташ зарба зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст”,- омадааст дар хабар.
Айни замон нисбати Абдурасулов Исмоил вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишот идома дорад.