Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷавонеро боздошт намудаанд, ки бо ваъдаи ба иҷора додани манзил одамонро фиреб дода, маблағҳои пулии онҳоро аз худ менамудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.
“Аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур Фатҳиддинзода Сулаймон, сокини 26-солаи шаҳри Ҳисор бо гумони силсилаҷиноятҳои қаллобӣ дастгир карда шуд. Номбурда дар сомонаи интернетии «Сомон ТҶ» дар бораи ба иҷора додани манзилҳои истиқоматӣ эълони бардурӯғ нашр намуда, шаҳрвандони зиёдеро фиреб додааст. Гумонбаршаванда тариқи ҳамёни электронӣ ҳамчун пешпардохт аз шаҳрвандон маблағҳои гуногун гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст”,- омадааст дар хабар.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки агар мавриди фиреби Фатҳиддинзода С. қарор гирифта бошанд, фавран ба рақамҳои 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.