Кормандони милитсияи пойтахт як ҷавони 22-соларо бо гумони паҳн кардани аксу наворҳои урён ва ғайриахлоқӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт намудаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
М. А.-и 22-сола сокини шаҳри Душанбе буда, бино ба иттилои манбаъ, дар шабакаи Инстаграм пайваста аксу наворҳои урён ва ғайриахлоқиро паҳн менамудааст.
Нисбати боздоштшуда бо қисми 3, банди “б”-и моддаи 241-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст.
Тибқи ин банди қонун барои паҳн намудани акс ва наворҳои урёну ғайриахлоқӣ ба М. А. то 10 соли зиндон таҳдид менамояд.