Arzon march 2024
Боздошти ҷавон барои кордзанӣ дар пайи баҳси қарз
719

Кормандони милитсия як ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Душанберо барои кордзанӣ дастгир намудаанд. Гуфта мешавад, ки боздоштшуда аз рӯйи баҳси пулӣ як шиносашро корд задааст.

Бино ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Шаҳром Ҷӯраев аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Синои пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ки Шаҳром Ҷӯраев бо шиносаш, марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе Ҳафиз Ҷӯраев, ки ба ӯ ба маблағи 41 ҳазор сомонӣ қарз дода будааст, аз рӯйи пул баҳсу мунозира намуда, ин мардро 3 маротиба бо корд задааст.

Ҳафиз Ҷӯраев айни замон таҳти назорати табибон қарор дошта, нисбати Шаҳром Ҷӯраев парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД