Кормандони пулиси Русия 3 нафар муҳоҷирони меҳнатиро бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси як журналисткаи рус боздошт намудаанд. Дар ин бора readovka.news ва rambler.ru дар такя ба маркази матбуоти Раёсати кумитаи тафтишотии Россия дар Маскав хабар додаанд.
Гуфта мешавад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба номуси як журналисткаи рус, ки дар шабакаи телевизионии МАТЧ-ТВ кор мекардааст, дастдарозӣ кардаанд.
Ҳодиса соатҳои 2:30-и шаби 6 ба 7-уми июл дар наздикии кӯли Останкино рӯй дода, муҳоҷирон ба корманди шабакаи телевизионии МАТЧ-ТВ, ки аз кор ба хона бармегаштааст, ҳамла карда, ӯро зӯран ба гӯшаи хилват бурдаанд ва нисбаташ амалҳои шаҳвонӣ содир кардаанд.
Ҷабрдида дарҳол ба пулис муроҷиат намуда, ҳамагӣ 40 дақиқа пас яке аз шахсоне, ки ба журналисткаи рус ҳамла карда буд, аз ҷониби пулис боздошт мешавад. Ду нафари дигарро пас аз чанд соат аз нуқтаҳои гуногун дастгир кардаанд. Яке аз иштирокчиёни ҳодиса кӯшиши аз Русия фирор намудан карда бошад ҳам, кормандони пулис ӯро дар фурудгоҳ боздошт намудаанд.
Айни замон нисбати ин се нафар муҳоҷирони меҳнатӣ бо иттиҳоми “Таҷовуз ба номус аз ҷониби гурӯҳи одамон” парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст. Мувофиқи ин банди қонун ба гумонбарон маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол таҳдид менамояд. Тафтишоти қазия идома дорад. Ҳамаи боздоштшудагон шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд.