Кормандони мақомоти тафтишотӣ ва хадамоти назорати сарҳадӣ дар вилояти Ленинград ду муҳоҷири тоҷикро бо иттиҳоми ташкил кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт намудаанд.
Бино бар иттилоъи расонаҳои русӣ гӯё муҳоҷирони тоҷик ба шиносномаи муҳоҷирони меҳнатии дигар бар ивази маблағи муайян мӯҳри сохтаи убури сарҳади давлатии Россияро мегузоштаанд.
“Кормандони хадамоти бехатарӣ ФСБ-и Россия дар Петербург ва вилояти Ленинград дар гузаргоҳи сарҳадии Усть-Луга ду шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намудаанд, ки дар шиносномаҳояшон мӯҳри сохтаи убури сарҳади давлатии Россия мавҷуд буд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти тафтишотӣ маълум шуд, ки як гурӯҳи ҷиноӣ ба ташкил кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ машғул шуда, ба шиносномаи муҳоҷирони меҳнатӣ муҳри сохтаи убури сарҳади давлатии Россияро пахш мекардаанд,”-омадааст дар хабар.
Мақомоти Россия бо гумони даст доштан дар ин амал 2 нафар шаҳрвандони 37 ва 40-солаи Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди 36- солаи Узбекистонро боздошт намудаанд. Нисбати боздоштшудагон бо қисми 2-и моддаи 322. 1-и Кодекси Ҷиноятии Федератсияи Россия барои ташкил кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Айни замон шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, шаҳрванди Ӯзбекистон дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.
Дар робита бо ин ҳодиса пулис дар нуқтаҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ амалиёт мегузаронад ва ҳуҷҷатҳои тариқи почаи Вырица ба хадамоти муҳоҷират барои ба қайдгирӣ фиристодаи муҳоҷиронро месанҷад.
Ҳангоми кофтуков дар чопхона кормандони пулис мӯҳри сохтаи хадамоти назорати сарҳадӣ, беш аз 4 миллион рубли русӣ пули нақд, бланкаҳои сохтаи корти муҳоҷиратӣ ва дигар далелҳоро пайдо намудаанд.
Гуфта мешавад, ки ташкилкунандагони муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҳар як мизоҷи худ на камтар аз 10 000 рулби русӣ гирифта,баъдан ба шиносномаашон муҳри убури сарҳади Россияро пахш мекардаанд.