Arzon march 2024
Боздошт барои амалҳои фолбинию сеҳргарӣ
23.07.2024
ОИЛА.ТҶ
273

Кормандони милитсия шаҳрванд Аҳроров Рустамҷон, санаи таваллудаш 27.07.1966, сокини ноҳияи Рӯдакиро барои машғул шудан ба амалҳои хурофотии фолбинию сеҳргарӣ дастгир намудаанд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, номбурда бо фармоиши шаҳрвандон ба манзилҳои истиқоматии онҳо рафта, ин амалҳоро иҷро мекардааст. Ҳамзамон номбурда худро ҳамчун шахси дорои маҳорату истеъдоди фавқулода муаррифӣ сохта, бо ин васила маблағ ба даст меовардааст.

Инчунин, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Тоҳирова Иноят, санаи таваллудаш 1959 дастгир карда шудааст. Ӯ низ фолбиниро ба василаи ба даст овардани даромади муфт табдил додааст. 

Нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД