Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар Душанбе як ҷавонзани 38-солаи сокини пойтахтро бо гумони ташкил кардани фоҳишахона дастгир намудаанд.
Бино бар иттилои Раёсати ВКД дар Душанбе боздоштшуда Шафиева Наргис манзили истиқоматиашро, ки дар кӯчаи Н. Махсум ҷойгир мебошад, ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон барои иҷрои амалҳои шаҳвонӣ шароит фароҳам меовардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Шафиева Наргис маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишот идома дорад.