arzon replenishment
Боз як варзишгар соҳиби хона шуд!
623

 

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Эмомалии Нуралӣ, ки дар чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо соҳиби медали тилло гашт, ба ӯ калиди хонаи дуҳуҷрагӣ дар пойтахтро туҳфа кард, ки дорои тамоми шароити рӯзгор мебошад.

Дар ин бора дафтари матбуотии Раиси шаҳр хабар додааст.

Имрӯз, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ варзишгари ҷавон Эмомалии Нуралиро, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо байни ҷавонон иштирок карда, медали тиллоро соҳиб гаштааст, қабул ва муборакбод гуфт.

Эмомалии Нуралӣ дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе мебошад.

Ба таври огоҳ Эмомалӣ Нуралӣ барои маҳз ҳамин мусобиқа шаш моҳ омодагии ҷиддӣ дидааст. Ба гуфтаи ӯ : “Машқҳои дастаҷамъӣ намудем ва заҳматҳои мо хушбахтона самара дод. Ман миннатдории худро ба Пешвои миллат ва раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати дастгирӣ баён менамоям. Дар оянда кӯшиш менамоям, ки миёни калонсолон ва дар бозиҳои олимпӣ низ мақоми аввалро соҳиб шавам. Мо бо боварӣ рафта будем ва бо медал баргаштем ва ба ин сафари тӯлонӣ низ монеае эҷод накард”-гуфтааст Эмомалӣ Нӯралӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД