Вазорати корҳои дохилии кишвар боз аз рух додани як садама дар шоҳроҳ хабар дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод, 1-уми майи соли равон, тахминан соати 03:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Дулон”, Зуҳуров Беҳрӯз Муҳиддинович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Дарвоз, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Н.Маҳмудови ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи роҳи автомобилгард рафта ба теппаи кӯҳ бархӯрдааст.
"Дар натиҷа мусофири дохили автомашинаи боркаши тамғаи “Дулон”, Қурбонов Бахтиёр Ҳасанбоевич, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Рудакӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид", - навишт ин ниҳод.
Ба иттилои мақомот, мусофири дигари автомашинаи мазкур, Ҳамидов Илҳом Ҷурабоевич, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Рудакӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.