Кормандони милитсия боз як писарбачаи ноболиғро аз тарбияи волидонаш гирифта, ба Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор супурданд.
Бино ба иттилои Раёсатаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, падару модари писарбача нисбати таълиму тарбияи фарзандашон беаҳамиятӣ мекардаанд.
Дар робита бо рафтори волидон нисбати онҳо парванда боз гашта, бо қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ тибқи моддаи 73-и Кодекси оила, ки гирифтани фарзандро аз волидонаш бе маҳрум кардани онҳо аз ҳуқуқи падару модарӣ иҷозат медиҳад, кӯдак аз тарбияи волидонаш гирифта, барои таълиму тарбия ба Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор супурда шудааст.