Боз як ноболиғро барои оворагардӣ ва дуздӣ аз тарбияи волидонаш гирифта, ба мактаб-интернат супурдаанд.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дода, навиштааст, ки писарбача чанд бор барои дуздию оворагардӣ ба шуъбаи милитсия дастрас карда шуда буд ва волидонаш огоҳӣ гирифтанд, вале бо вуҷуди ин, кӯдак ислоҳ нашуда, ҳамон амалҳои ношоистаро идома медод.
Бо мақсади ба роҳи дурусти зиндагӣ равона намудани ноболиғ бо қарори Суди ноҳияи Сино ин навраси 14-сола бар асоси моддаи 73-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бидуни маҳрум намудани волидонаш аз ҳуқуқи падару модарӣ аз тарбияи волидон гирифта шуда, ба “Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор” ба таълиму тарбия ҷалб гардидааст.