formula
Боз як модар хун мегиряд
729

 

Исроилҷон ба тозагӣ ба синни 7-солагӣ қадам ниҳода буд ва мебоист имсол қатори дигар ҳамсолонаш пой бар остонаи мактаб ниҳад, вале ба ҷойи пӯшидани либоси мактабӣ кафан насибаш гашт.

Исроилҷон Аюбови 7-сола ғарқ дар хуни худ ҷон ба Ҳақ супурд. Тавре ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ин тифли маъсум бар асари садамаи нақлиётӣ ҷони худро аз даст дод.

Ҳодиса нимаи дуюми рӯзи 29 апрел, тахминан соатҳои 17:00 сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Елентар” Бурҳонов Раҷабалӣ Баҳодурович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти Турсунзода, дар наздикии деҳаи Тудаи ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Аюбов Исроил Исмоилович, соли таваллудаш 2016, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст.

Дар натиҷа, ноболиғ Аюбов И.И. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД