Commerc banl
Боз як мардро барои то ба худкушӣ расонидани ҳамсараш боздошт карданд
02.03.2026
Oila.tj
111

Як марди 29-солаи сокини шаҳри Истаравшанро барои то худкушӣ расонидани ҳамсараш боздошт кардаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 27-уми феврал навиштааст, ки гумонбар аз моҳи феврали соли 2025 инҷониб мунтазам бо роҳи таҳдиду дашном шаъну шарафи ҳамсари 26-солаашро паст мезадааст. Зан ба таҳқир ва ҷабру зулми шавҳар тоб наоварда, рӯзи 10-уми феврал бо мақсади худкушӣ доруҳои гуногунро истеъмол карда, дар натиҷа заҳролуд ва дар бемористон бистарӣ шудааст.

Дар робита ба ин қазия нисбати мард бо гумони "ба худкушӣ расонидан" дар асоси қисми 2-и моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст. Ин банди қонун аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД