Arzon march 2024
Боз чанд қассобро барои қимат кардани гӯшт боздошт намуданд
362

 

Кормандони милитсия боз чанд қассобро барои қимат кардани нархи гӯшт боздошт намуданд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар додааст.

“Дар идомаи чорабиниҳои санҷишӣ, аз ҷониби гуруҳи кории мақомоти милитсияи пойтахт боз чанд далели аз нархи муайяншуда қиммат фурухтани гушт ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, шаҳрвандон Зокиров Хайриддин, Диллоев Меҳроб, Ҳоҷиев Шамсиддин, Файзуллоев Бурҳониддин ва Олимзода Бузургмеҳр, ки ба фуруши гушт машғуланд, бо мақсади ба даст овардани манфиати молӣ нархро қиммат намуда, ба қонуншиканӣ даст задаанд,”-навиштааст манбаъ. Нисбати номбурдагон бо моддаи 555-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои беасос баланд бардоштани нарх протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД